маблағгузорӣ — [مبلغ گذاري] исми амал аз маблағ гузоштан; маблағи даркорӣ ҷудо кардан барои иҷрои коре (сохтмон ва ғ.): маблағгузорӣ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маблағғундорӣ — [مبلغ غنداري] исми амал аз маблағ ғундоштан; ҷамъ овардани маблағҳое, ки барои коре дар назар гирифта шудааст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маблағҷудокунӣ — [مبلغ جداکني] исми амал аз маблағ ҷудо кардан; тахсис додани маблағи муайяне ба иҷрои коре (мас., ба сохтмон) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маблағгузор — [مبلغ گذار] он ки барои иҷрои коре маблағ тахсис медиҳад, сармоягузор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қарз — [قرض] а 1. пул ё чизе, ки ба шарти дар муддати муайян гардонда додан аз касе гирифта мешавад: қарз гирифтан, қарз додан 2. маҷ. вазифае, ки иҷрои он зарур аст, дайн: қарзи инсонӣ, қарзи фарзандӣ, қарзи шаҳрвандӣ, қарзи худ донистан; қарзи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фоида — [فائده] а 1. суд, нафъ, манфиат 2. иқт. баҳрае, ки қарздиҳанда аз қарзгиранда изофа мегирад, рибо, суд; фоидаи пул маблағе, ки суддиҳанда аз судгиранда меситонад, рибо; фоида бахшидан нафъ расондан; судманд шудан; фоида бурдан истифода кардан,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
харҷӣ — [خرجي] маблағ барои хароҷоти майдачуйда, маблағи хароҷотӣ; харҷӣ додан додани пул барои маош, додани маблағе барои масрафи ҳаррӯза … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
банд — I [بند] 1. асоси замони ҳозира аз бастан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои банданда (девбанд, нақшбанд, чашмбанд…) ва басташаванда ба ҷое (гулӯбанд, камарбанд…) II [بند] 1. риштае, ки барои ба ҳам пайвастани чизҳо ба кор меравад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бима — [بيمه] 1. қарордоде, ки миёни ду тараф (бимагузор ва бимагар) баста шуда, дар асоси он бимагар бо гирифтани маблағи муайян аз тарафи бимагузор ӯҳдадор мешавад, то ӯро ҳангоми дучор шудан ба хатарҳои эҳтимолӣ (сӯхтор, сел ва ғ.) ҳимоя карда,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бунак — [بنک] маблағе, ки барои коре ё ҳосили кишти пешакӣ дода мешуд; маблағе, ки умуман барои иҷрои коре пешакӣ медиҳанд ё мегиранд (мас., барои сафари хизматӣ, барои дӯхтану сохтани чизе ва ғ.), пешмузд, пешпардохт: бунак гирифтан, бунак додан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ